Занони хушдоманкуш маҳкум ба зиндон шуданд.

Маҳбуси зиндони рақами аввали шаҳри Душанбе Садриддин Тошев шиканҷа шудани худашро «спектакле» унвон кард, ки аз ҷониби гурӯҳҳои «ғаразкор» таҳия шуда буд. Ин маҳбус, ки дар дохили маҳбасхона бо рӯзноманигрон сӯҳбат мекард, гуфт, «дар ин спектакл аз содагии ӯ истифода бурда, барои нақшофарӣ ҳамчун маҳбуси шиканҷашуда рол бозӣ кардааст.» Субҳи имрӯз, 6-уми август, маъмурияти Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон сӯҳбати Садриддин Тошев, ҷангандаи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифон, маъруф бо тахалуси «Қорӣ»-ро, ки соли 2001 барои 25 сол ҳукми зиндонӣ гирифта буд, бо рӯзноманигорон фароҳам овард. Ҳангоми сӯҳбат Тошев гуфт, «хеле миннатдор аст, ки дархости ӯ дар мавриди сӯҳбати ӯ бо рӯзноманигоронро маъмурияти зиндон пазируфта, барояш чунин шароит фароҳам овардаанд.» http://www.ozodi.org/content/toshev-denied-torture-video/26516598.html